Дар Сингапур ҳамоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Ҷумҳурии Сингапур таҳти унвони «Таҷрибаи Сингапур: дигаргунии маориф барои сиёсатмадорон» ҳамоиши байналмилалии омӯзишӣ оғоз шуда, то 22 август идома ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш аз 27 давлати ҷаҳон намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф иштирок намуданд. Ҳадафи он омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти муассири низоми маориф, таҳияи сиёсати маориф дар асоси равандҳои ҷаҳонӣ ва татбиқи технологияҳои нав мебошад. Ин ҳамоиш дар оянда ба рушди муносибатҳои мутақобили судманд ва қабули таҷрибаи пешрафта мусоидат менамояд.
Намояндаи Тоҷикистон дар баробари омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва иштирок дар муҳокимаи муҳтавои маводи илмӣ бо намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






