Дар Суғд таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласа доир шуд

Август 7, 2025 08:58

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласа бо ҳадафи таҳлили раванди иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла «Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021–2025», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2035», «Барномаи рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ», ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, доир шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тақвияти имконияти муассисаҳои таълимӣ якчанд тадбир, аз ҷумла бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос (махсусан дар фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ), ташкили даврҳои такмили ихтисосу семинарҳои омӯзишӣ, баргузории озмуну олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳо бо компютер ва интернет, инчунин тавсеаи соҳаи таҳсилоти томактабӣ амалӣ карда мешаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласа таъкид  намуд, ки масъалаи ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати соҳа арзёбӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо волидон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои фарогирии бештари хонандагон тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Дар робита ба омодагии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» баён гардид, ки тадбирҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт натиҷаҳо бояд боз ҳам хубтар гарданд.

Гуфта шуд, ки дар асоси шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳо сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ оғоз ёфта, ин раванд дар ҳамкорӣ бо шахсони саховатманд ва соҳибкорон суръат бахшида шавад. Иншооте, ки қаблан ҳамчун кӯдакистон истифода мешуданд, мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар ҳолати мувофиқат ба талабот ба мақсади аввал баргардонида шаванд. Шумораи марказҳои инкишофи кӯдак зиёд гардида, фарогирии бештари кӯдакон дар онҳо таъмин карда шавад. Ҳамзамон бо бунёди муассисаҳои томактабӣ масъалаи таъмини онҳо бо мутахассисон ва ҷалби кадрҳои ҷавон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Дар самти таъмини муассисаҳо бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти озмоишӣ, компютер ва пайвастшавӣ ба интернет тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар анҷоми ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки натиҷаҳои амалишавии барномаҳо ва озмунҳо ҷамъбаст гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Август 7, 2025 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд