Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ, татбиқи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда шавад. Чунин дастур доданд ба масъулини соҳа имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Сарвари давлат ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар муддати шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
«Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, раванди бомароми таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ба он робитаи бевосита дорад», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 17 ҳазору 200 нафар мутахассисони ҷавон бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Соли 2024 дар асоси тақсимот 3168 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шудаанд.
Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба 3 ҳазору 848 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд, ки нисбат ба соли гузашта як баробар камтар аст.
Супориш дода шуд, ки вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳия бояд дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид






