Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад

Август 10, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 181 ҳазору 220 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ қариб 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 375 ҳазору 133 нафар субъектҳои хоҷагидор 108 ҳазору 656 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 760 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус 1 август зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Саҳми занон дар шумораи умумии субъектҳои соҳибкории мамлакат назаррас буда, бештари занон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари дигар самтҳои фаъолият соҳибкори муваффақ низ мебошад.

«Занон дар Тоҷикистон на танҳо нигоҳдорандаи оила, балки истеҳсолкунандагони фаъоли маҳсулоти кишоварзӣ низ ҳастанд. Бо таъмин намудани шароити мусоид ва дастгирии ҳамаҷониба онҳо метавонанд ба яке аз қишрҳои калидии рушди устувори деҳот табдил ёбанд»,-иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ.

Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбарони фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма мегиранд, дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазиву қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузоранд. Дар баробари ин ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.

Яке аз омилҳои муҳими дастгирии занон дар ин самт фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, молиявӣ ва омӯзишии бештар мебошад. Дар доираи барномаҳои давлатии рушди деҳот ва кишоварзӣ барои баланд бардоштани малакаҳои идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои муосир байни занон машғулияти омӯзишӣ бештар гузаронида мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дастрасии занон ба қарзҳои хурди бонкӣ низ сол то сол зиёд гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 716 ҳазору 299 нафар занон аз қарзҳои хурди бонкӣ ба маблағи 3 миллиарду 538 миллону 170,5 сомонӣ бархудор гардидаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 177 ҳазору 375 нафар зиёд мебошад.

Дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имконият дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» амал менамояд. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон, зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.

Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд дар ташкили ҷойи нави кор ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шуданд, яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол барои 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор ба андозаи 15 миллион сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо маҳз ба рушди соҳибкории занон равона гардидаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ дар Сеул баррасӣ шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Дар Тошканд ҷаласаи 45-уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
Дар Ҳисор ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавии кишоварзӣ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфренсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд