Дар Тоҷикистон то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад

Август 31, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 31.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» ҷалби бахши хусусӣ ва афзоиши муассисаҳои ғайридавлатиро аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа қарор медиҳад. Ин барнома 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 амалӣ мегардад. Дар доираи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ бунёди 134 муассисаи томактабӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи амалишавии ин барнома заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегарданд. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд. Тибқи нақшаи барнома, соҳибкорон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ меёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 744 адад расида ва фарогирии кӯдакон дар ин зина 114 ҳазорро ташкил дод.

Фирӯза ДАВАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 31, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид