Дар вохӯрии дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон автомобили BYD ба бозӣ гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» аз 29 август то 8 сентябри соли 2025 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар мусобиқаи дуюми байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон рақобат менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон дохиланд. Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.
29 августи соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ифтитоҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Барои мухлисоне, ки чиптаи ин бозиро мехаранд, туҳфаи арзишманд– автомобили BYD E2 омода шуда, ба бозӣ гузошта мешавад. Пеш аз оғози вохӯрӣ мухлисони футбол ва тамошобинонро барномаи рангини консертии идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик интизор аст.
Мусобиқа соати 20:00 оғоз шуда, баъд аз он бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон доир мегардад. Чиптаҳоро барои ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «В»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» метавонед аз платформаи echipta.tj харидорӣ намоед. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад.
Баъдан футболбозони тоҷик 1 сентябр бо дастаи мунтахаби Афғонистон ва 4 сентябр бо дастаи мунтахаби Эрон рақобат мекунанд. Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA-2025, бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал байни ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар шаҳри Ҳисор доир карда мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд






