Дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии касбӣ сазовори ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Чемпионати ҷаҳонии касбӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Корҳои геологӣ ва геодезия» ва «Энергетика» соҳиби ҷойҳои якум гардида, ба даври навбатӣ роҳхат гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, маросими ҷоизасупорӣ 28 август баргузор гардид.
Ҳамзамон дастаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи «Корҳои геологӣ ва геодезия» ва дастаи Филиали «Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ»-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи «Энергетика» сазовори ҷойҳои дуюм шуда, бо медал ва Диплом қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кумитаи тадорукоти Чемпионати ҷаҳонии касбӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷоизаи беҳтарин муассисаи ташкилотчӣ барои ташкили мусобиқа тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 27-28 август дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Чемпионати ҷаҳонии касбӣ аз рӯйи номинатсияҳои «Корҳои геологӣ ва геодезия» ва «Энергетика» баргузор гардид. Дар он 20 дастаи иштирокчӣ аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон иштирок намуд. Беҳтарин дастаи иштирокчӣ муайян карда шуд, ки дар даври навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар Чин имкони дастаи худро муаррифӣ менамояд.
Чемпионат аз соли 2008 инҷониб бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил гардида, бузургтарин минбар барои намоиши маҳорати донишҷӯёну устодон, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад. Имсол чемпионат бо назардошти самтҳои рушду эҳтиёҷоти соҳаҳои калидии саноатӣ ва иҷтимоӣ дар 43 номинатсия доир гашта, се марҳила- интихобӣ, даврҳои тахассусӣ ва даври ниҳоиро, ки дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор мешавад, дар бар мегирад. Чемпионати ҷаҳонии касбӣ имконият фароҳам овард, то донишҷӯён дар ин самтҳо маҳорат нишон дода, омӯзиши усулҳои навро дар самт тақвият диҳанд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аҳамияти мусобиқаҳои ҷаҳонии касбӣ дар рушд ва такмили малакаҳои ҷавонон таъкид гардид.
Мақсади асосии мусобиқа таҳкими робитаи донишгоҳҳо бо истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таълим ва мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






