Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Сергей Кузнесов дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 август вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иҷрокунандаи вазифаи Губернатори Хабаровск Сергей Кузнесов баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Хабаровски Федератсияи Русия дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Аз ҷумла, ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Хабаровск таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ғайр аз ин, бо мақсади табодули таҷриба байни табибони минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Хабаровск масоили марбут ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла дорусозон баррасӣ гардид. Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба мавзуи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар минтақаҳои Хабаровск диққат доданд.
Дурнамои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва минтақаи Хабаровск низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ матраҳ гардид. Дар ин робита ҷонибҳо танзими баргузории форумҳои тиҷоратии муштаракро дар Тоҷикистон ва минтақаи Хабаровск ба мақсад мувофиқ донистанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






