Даври дуюми Фестивал-озмуни «Андалеб-2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсия доир шуд

Август 30, 2025 18:00

РӮДАКӢ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки ҳаваскорону ҳунармандон ва сокинони ноҳия даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ  «Андалеб-2025» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Пеш аз оғози фестивал меҳмонон ва аъзои ҳакамон  намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои ҳунармандиро тамошо намуданд.

Фестивал-озмуни «Андалеб -2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсияи муайянгардидаи Низомнома, иборат аз намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, навозиши якка, рақси якка, хор, намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳо, намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, лапар, сурудҳои анъанавӣ, бахши ҳаҷвӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографӣ бо сабки баланд ва маҳорати волои иҷрокунандагӣ баргузор шуд. Ҳунармандон аз ҷониби аъзои ҳакамон сазовори баҳои баланд гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025»  рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ, дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстию фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушду тарғиби ҳунарҳои бадеии халқ, танзими анъана, расму оинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Август 30, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад