Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» оғоз ёфт

Август 16, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 август даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявии озмун- мураббиёни муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Сино, муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансур, муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Фирдавсӣ ва муассисаи таҳсилоти томактабии №17-и ноҳияи И.Сомонӣ иштирок менамоянд.

Тибқи тартиб, қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» аз муассисаи таҳсилоти томактабии №17-и ноҳияи И.Сомонӣ оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо муассисаи таҳсилоти томактабии №27-и ноҳияи Шоҳмансур шинос шуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст