Доир ба амалисозии барномаҳои давлатии марбут ба таҳсилоти томактабӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сатҳи амалисозии барномаҳои давлатӣ марбут ба таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки таҳсили томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар ташаккули шахсияти кӯдак ва омодасозии онҳо ба зинаҳои минбаъдаи таҳсил нақши муҳиму ҳалкунанда дорад. Бо назардошти таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба рушди ин зинаи таҳсил солҳои охир иқдоми назаррас дар самти таҳкими инфрасохтор, тайёр намудани мутахассисон ва фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимӣ амалӣ мегардад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар ҳар маҳаллаи аҳолинишин, ки беш аз 100 хоҷагӣ дорад, муассисаи томактабӣ таъсис диҳанд. Ин иқдом метавонад барои фарогирии бештари кӯдакон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Иттилоъ дода шуд, ки барномаҳои давлатии амалкунанда дар самти таҳсилоти томактабӣ — «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, барои иҷрои босифати онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






