Доир ба заминаҳо, таҳаввулот ва дурнамои Истиқлоли давлатӣ машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ 29 август дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Заминаҳо, таҳаввулот ва дурнамои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон» машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар машварат дар мавзуи «Заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» маъруза пешниҳод гардид. Иброз гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илму фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид. Файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд, ки ин нишонаи возеҳи Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор, ватандӯстӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ, соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷикон ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ дар институт то 16 сентябр конференсияҳои илмӣ-назариявӣ баргузор мегарданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






