Дороиҳои умумии «Амонатбонк» 9,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 8,6 миллиард сомониро ташкил дод

Август 6, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои умумии «Амонатбонк» дар соли равон 9,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 8,6 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин хусус Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 5 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Раиси «Амонатбонк» афзуд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 20,5 фоиз ва 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки яке аз заминаҳои асосии эътимоднокии низоми бонкӣ- нигоҳдории сатҳи устувори пардохтпазирӣ мебошад. Дар ин замина масъалаи таъмини пардохтпазирии бонк таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

«Амонатбонк», ки соли 1885 таъсис ёфтааст, бо таърихи фаъолияти 140-сола дар низоми бонкӣ ва дар самти хизматрасонии бонкии мамлакат ҷойгоҳи хосса дорад. Тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонӣ ба корхонаю ташкилоти давлатӣ, нафақагирон, пасандозгузорон ва дигар мизоҷон хизмати бонкӣ пешниҳод карда мешавад. Шумораи умумии кормандони «Амонатбонк» беш аз се ҳазор нафар аст. 1 ҳазору 462 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки ба 48 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассуси бонк баробар аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад