Дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Приморски Русия дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар шаҳри Владивосток мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори минтақаи Приморск Олег Кожемяко баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Приморск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли ҷонибҳо дар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақаи Приморск ба монанди Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2025» ва Форуми иқтисодии Шарқӣ (ВЭФ) танзимшаванда, барои таҳкими тамосҳои иқтисодию сармоягузории онҳо мусоидат менамояд.
Аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, омодагӣ барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо таъкид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






