Эмомалӣ Раҳмон: Дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сухан не, дар амал аст

Август 29, 2025 22:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 августи соли 2025 мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи расонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин — рӯзномаҳои “Жэнмин Жибао”, “China Daily”, агентии иттилоотии “Синхуа” ва Медиакорпоратсияи Чин “CMG” (CCTV) дар васоити ахбори оммаи ин кишвар нашр гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба изҳор доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар ҳамаи соҳаҳо ба сатҳи сифатан нав – шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст. Дар зимн сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамчун руйдоди муҳим дар ин раванд арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти рушди ҳамкориро дар арсаҳои гуногуни иқтисод, бахусус саноатикунонӣ, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сабз таъкид карда, изҳор доштанд, ки ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» барои Тоҷикистон имкониятҳои нави иқтисодӣ ва рушди инфрасохторро фароҳам овардааст.

Тавре дар расонаҳои чинӣ омадааст, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Чин муҳтарам Си Ҷинпинро «дӯсти худ» хонда, ӯро ҳамчун роҳбари дорои таҷрибаи бузург, ҷаҳонбинии васеъ ва нуфузи ҷаҳонӣ арзёбӣ кардаанд. “Ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбари Чин барои сулҳ, амният ва рушди ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти бузург доранд”, — иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар остонаи сафари худ ба Чин ва иштирок дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, онро қадаме дар таҳкими нақши Созмон дар арсаи байналмилалӣ донистанд.

Ҳамзамон, саҳми амалии Чин дар таъмини амнияти минтақавӣ, ки меҳвари асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар минтақа аст, таъкид гардид. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди ҳамкориҳо ҷиҳати тақвияти муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сухан не, дар амал аст 29.08.2025

Август 29, 2025 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон