Фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ дар Душанбе дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин аст, — бардошт аз мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт
ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни ҳамоиш директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Саидзода иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза барои баррасӣ ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои чораҷӯйӣ намудани онҳо дар робита ба иҷрои банди 6-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 доир мегардад.
Дар ҳамоиш масъулин оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат дар давраи сипаригардидаи соли 2025 маълумот доданд.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар мавриди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иброз дошт, ки «дар айни замон дар пойтахт 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 74 дарсади кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 13,0 дарсад дар 62 кӯдакистони хусусӣ, 7,0 дарсад дар 12 муассисаи томактабии назди корхонаю муассисаҳо ва 6,0 фоизи кӯдакон дар 104 гурӯҳи инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таълимӣ тарбия ва таълим мегиранд».
Фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад.
Дар самти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иҷрои барномаҳои таълимӣ ва азхудкунии он аз ҷониби хонандагон яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони соҳаи маорифи пойтахт буда, ҳамасола иҷрои он дар нақшаи солонаи фаъолияти Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маориф тарҳрезӣ гардида, зина ба зина мавриди санҷиш, омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешавад.
Дар ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 сифати таҳсил 45,8 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 99,3 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 0,4 ва 0,1 дарсад баландтар аст.
Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки аҳли маорифи пойтахт барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдоми маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароит самаранок истифода намуда, рисолати касбию инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа ва насли имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






