Форуми дуюми Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти унвони «Омӯзгори ҷавон — роҳ ба сӯйи муваффақият» форум баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иттилоъ доданд, форум барои омӯзгорони ҷавоне буд, ки бори аввал дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият оғоз менамоянд.
Имрӯз низоми маорифи мамлакат дар марҳилаи гузариш ба технологияи рақамӣ қарор дорад. Мо метавонем дар ташаккул ва рушди сармояи босифати инсонӣ ба қатори давлатҳои пешрафта дохил шавем.
Дар форум доир ба рушди малакаҳои асосии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълим, роҳҳои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасон, имконият ва бартариҳо, усулҳои татбиқи принсипҳои таҳсилоти фарогир дар ҷараёни таълим, ташкили муҳити мусоиди таълим ва баланд бардоштани сифати таълим ба омӯзгорони ҷавон мубодилаи афкор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон ҳамоишҳо оид ба роҳҳои инноватсионии баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо доир карда мешаванд.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






