Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад, — бардошт аз ҳамоиш дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 30.08.2029. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дастҷамъона тамошо намуданд. Аз ҷумла, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баъди тамошои суханронии Сарвари давлат ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш масъалаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар ин суханронӣ баённамудаи Президенти мамлакат баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иштирокдрони ҳамоиш иброз доштанд, ки дар ҳақиқат омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифату фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад.
«Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ иброз доштанд, хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд.Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст.Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2025 дар ҳудуди вилояти Хатлон баистифодадиҳии 139 иншооти гуногуни соҳаи маориф иборат аз 1277 адад синфхона барои 31925 ҷои нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 63850 ҷои нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки кушодашавии иншоот зина ба зина аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 иншооти гуногуни соҳа иборат аз 136 синфхона барои 3350 ҷои нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 6700 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






