Хонандагони ноҳияи Восеъ соҳиби 329 медал гардиданд

Август 5, 2025 09:54

ВОСЕЪ, 05.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ назаррас буд. Хонандагон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, дар маҷмуъ 329 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода иттилоъ дод.

Дар ноҳияи Восеъ 75 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар якҷоягӣ бо муассисаҳои томактабӣ 8000 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 шумораи наврасон 2634 нафар зиёд мебошад.

Тавре Ҷамшед Шарифзода изҳор намуд, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3338 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, дар самти таълиму тарбия ба муваффақият ноил шуданд. Зеро хонандагони онҳо дар олимпиадаҳои дохилию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Август 5, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд