Корвони мотосиклронҳои Покистон ба Тоҷикистон меояд

Август 4, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 августи соли 2025 дар шаҳри Исломобод маросими расмии гусели гурӯҳи гардишгарони мотосиклрони Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Идораи Сарвазири кишвари иқомат, Вазорати ҳамоҳангсозии байниминтақавӣ, Идораи рушди сайёҳии Покистон ва дигарон иштирок намуданд.

Сафари мазкур дар асоси мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ҳосилшуда бо мақсади муаррифии сайёҳии фаромарзӣ, дӯстии минтақавӣ, табодули фарҳангӣ тавассути қаламрави Покистон -Афғонистон — Тоҷикистон ва Узбекистон доир карда мешавад.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода таъкид дошт, ки Тоҷикистон имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва саёҳатии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ бисёр муҳим мешуморад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Покистон аст.

Иброз гардид, ки дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд масъалаи дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва бандарҳои ҷаҳонӣ, хусусан роҳҳо ва бандарҳои обии Покистон, ки он ду кишвари дӯстро тавассути роҳҳои мошингарду оҳан ба ҳам мепайвандад, бисёр муҳим мебошад.

Зимни мулоқоти намояндаи Сафорат бо Ҳамҳонгсози Сарвазири Покистон аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Август 4, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид