Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шунида шуд.
Иброз гардид, ки дар ин давра шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 97 ҳазору 584 нафар мебошад, ки дар 1069 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд. Танҳо дар шашмоҳаи гузашта 5026 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, 29 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Иқдоми навбатии аъзои ҳизби пойтахт таҳти унвони «400 рӯзи ташаббускорӣ-иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили соҳибистиқлолӣ» эълон гардид.
Абдураҳим Шоҳиён гуфт, ки аъзои ҳизби пойтахт бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми навбатиро бо корҳои созандагию ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии Ватани азизамон мегузаронанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Фарзона Шарифӣ вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли равон дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсию маърифатии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ дар самти рушди инфрасохтори шаҳри Душанбе ва дигар мавзуъҳо ибрози андеша карда, фаъолияти кумитаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода барои саҳми арзанда ба аъзои ҳизби пойтахт изҳори сипос намуд. Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки маҳз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонистанд азму иродаи қавӣ нишон дода, мардумро ба роҳи рост, ризоияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пойдории Истиқлолият ҳидоят намоянд.
Дар охир аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамзамон ба як зумра фаъолони ҳизбӣ медалҳои ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе










Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд






