«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ амалиёт гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар доираи амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» баргузор гардид. Амалиёти мазкур ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона», пешгирии ифротгароӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо равона гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар доираи амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» барои таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, вусъат додани ободонию созандагӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии насли наврас, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани амалҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли хурофотпарастию бегонапарастӣ дар ҷомеа аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаҳои дилхоҳ доданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода масъулини гурӯҳҳоро вазифадор намуд, ки зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо зарурати таъмини талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани неруи барқро ба аҳолӣ фаҳмонанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






