Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо омодагии муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба соли нави хониш шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо раванди сохтмони бинои иловагии Гимназияи рақами 1, кӯдакистони рақами 9-и шаҳри Хуҷанд, омодагии Муассисаи тасилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соли нави хониш шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии Гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалил аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо назардошти фарогирии 1400 хонанда дар ду баст амалӣ шуда, то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Зимни шиносоӣ бо кӯдакистони рақами 9 таъкид гардид, ки барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва фароҳам овардани муҳити мусоиду шақовар барои таҳсил ва бозӣ бояд таҷҳизоти таълимии муосиру маҳорати баланди педагогии мураббиён истифода карда шавад. Таъминоти босифати ғизоӣ, аҳамият додан ба шароити ҷои хоб ва дар доираи имконият қабул намудани кӯдакону наврасон бояд ҷанбаи асосии фаъолият бошад.
Аз роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ба амал оварда шуд, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқу фановарӣ ва таҷҳизонидани синфхонаҳо бо воситаҳои муосири таълимӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз









Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






