Намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ бо намунаҳои сӯзании Панҷакент шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Шурои байналмилалии ҳунармандӣ дар ҳайати муовини раиси минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ороми Шуро Сандип Кумар бо мақсади баҳодиҳӣ ба пешниҳод барои пазироии шаҳри Панҷакент ба узвияти ин шуро дар номинатсияи сӯзанӣ ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» дар шаҳри Панҷакент бо намунаи ин ҳунари қадимӣ ва анъанавии мардумӣ шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Ҳайати комисияи баҳодиҳии Шуро бо намоишгоҳи сӯзанӣ дар «Кохи Лоиқ», Маркази сӯзанӣ, Маркази кулолгарӣ, дар хона ва коргоҳи ҳунармандон бо намунаи ҳунарашон шинос шуда, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳрро тамошо намуданд.
Комиссияи баҳодиҳӣ тибқи дархости ирсолшуда таърих, анъана ва густариши ҳунари сӯзанидӯзиро дар шаҳри Панҷакент омӯхта, бо намунаҳои он ва маҳсули дасти занони ҳунарманд шинос шуд. Аъзои комиссия хулосаашро ба Шурои байналмилалии ҳунармандӣ пешниҳод менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент











Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






