НАВГОНӢ ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон дар сатҳи 10 хол баҳо гузошта мешавад

Август 23, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави таҳсили  2025-2026 дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон дар сатҳи 10 хол баҳо гузошта мешавад. Низоми 10-хола воситаи муассир барои баланд бардоштани дақиқият, шаффофият ва адолат дар баҳогузорӣ мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров иброз намуд, «гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ ҳамчун ислоҳи калидӣ дар низоми таълим беш аз пеш дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа, омӯзгорон ва сохторҳои давлатӣ қарор гирифтааст. Он имконият медиҳад, ки ба ҳар хонанда вобаста ба сатҳи воқеии дониш, малака ва фаҳмишаш баҳо гузошта шавад. Инчунин ба хонанда маълум шавад, ки ӯ дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои беҳтар шудан чӣ бояд кунад».

Давлатназар Имомназаров иброз намуд, ки низоми 5-бала солҳои дароз мавриди  истифода қарор дошт. Шароити имрӯза нишон медиҳад, ки меъёрҳои он риоя намешаванд. Яъне, баҳогузорӣ аслан 5-бала (5-хола) ном гирифта бошад ҳам, аммо ҳамагӣ се баҳои он мавриди амал қарор мегирад. Баҳои 1 тақрибан истифода намешавад ва баҳои 2 дар мавридҳои кам гузошта мешавад. Ин ва дигар омилҳо сабаб шуданд, ки низоми 10-хола ба роҳ монда шавад.

Ба таҳлили кормандони соҳаи маорифи мамлакат,  низоми 10-хола имконият медиҳад, ки таълим ба сӯи омӯзиши амиқ ва татбиқи дониш равона гардад. Омӯзгор метавонад на танҳо сатҳи дониш, балки сатҳи истифодаи амалии онро низ арзёбӣ кунад. Ба ин васила, низоми 10-хола ба самти «арзёбии ташаккулдиҳанда» такя мекунад, ки бо усулҳои муосир ҳамнаво буда, ба рушди инфиродӣ, худбаҳодиҳӣ ва таҳкими масъулияти шахсии хонандагон мусоидат карда метавонад.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми мамлкат иттилоъ доданд, шуруъ аз соли 2024 дар беш аз 140 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши озмоишӣ ба низоми 10-хола амалӣ гардид. Омӯзгорон дар ин озмоишҳо шаффофияти бештари арзёбиро эҳсос намуда, хонандагон низ бо ҳаваси бештар дарс мехонданд.

Ин низом танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат амалӣ карда мешавад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон низоми 100-бала амалӣ мегардад.


Дар натиҷа, гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ на танҳо тағйироти рақамӣ, балки бознигарии мусбат дар таълиму тарбия аст. Он аз нигоҳи илмӣ ва методологӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим ва мувофиқ ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва аз ҷиҳати илму маориф пешрафта, ба мисли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Амрико, Фаронса ва Эрон  ба таври 20-хола ва ғайра амалӣ мегардад. Дар аксари кишварҳо аз меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳии 10, 12 ва 20- хола истифода мебаранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид