НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3,3 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

Август 6, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3,3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёда аз 1,2 миллиард доллари амрикоӣ ё 59,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти кумита дар шашмоҳаи якуми соли равон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 1,4 миллиард доллари амрикоӣ ё 42,8 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба ҳаҷми 588,4 миллион доллари амрикоӣ ё 71,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ ё 57,2 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 642,6 миллион доллари амрикоӣ ё 51,5 фоиз зиёд аст.

Султон Раҳимзода афзуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ин давра фаъолияти худро ба беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи саривақтию самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намудааст.

Кумита ҳамзамон барои ноил гардидан ба ҳадафҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта тадбирҳои мушаххас меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?