НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи парвандаҳои судӣ коҳиш ёфтааст

Август 7, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби судҳо дар марҳилаҳои якуми кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмуъ 73 ҳазору 792 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 20 ҳазору 511 адад кам мебошад. Дар ин хусус Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, 615 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълими тарбияи кӯдак» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 7090 парванда нисбат ба вайронкунандагони ин қонун баррасӣ гардид. Дар натиҷа нисбат ба 5692 нафар ҷарима ба маблағи умумии 4 миллиону 222 ҳазору 771 сомонӣ таъйин гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид