НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 зиёда аз ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии алоқаманд ба коррупсия ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1058 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии алоқаманд ба коррупсия ошкор карда шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар ин давра бо мақсади муқовимати низомнок ба омил ва кирдорҳои коррупсионӣ, ҳамчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 972 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 755 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 165 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия муайян ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ баррасии саривақтии 1868 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, доир ба онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ Ховар
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






