НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи сайёҳони хориҷӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ зиёд шудааст

Август 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба Тоҷикистон 925 ҳазору 700 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид, ки аз ин шумора 762,3 ҳазорро сайёҳон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 31,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 850,6 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 75,1 ҳазор нафар аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои рушди ҳамкории судманд бо шарикони стратегӣ дар бахши сайёҳӣ то имрӯз 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар, Кувайт, Швейтсария, маҷаллаи машҳури «Ҷаҳони дипломатӣ» («Diplomatic World»), Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 353 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба сайёҳон хизмат мерасонад, ки нисбат ба соли гузашта 15 адад зиёд аст. Инчунин беш аз 200 ширкати сайёҳӣ бо 800 хатсайри сайёҳӣ фаъолият доранд, ки ҷаҳонгардон метавонанд бо ин хатсайрҳо маконҳои таърихӣ-сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад