НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1285 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 28 ҳолат ба одамкушӣ ва суиқасд ба он, 20 адад ба роҳзанӣ, 57 адад ба ғоратгарӣ, 24 адад ба таҷовуз ба номус, 64 адад ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 762 адад ба авбошӣ, 2356 адад ба қаллобӣ, 2182 адад ба дуздӣ, 33 адад ба тамаъҷӯӣ ва 486 ҳолат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор рост меояд.
«Дар ин давра аз ҳама бештар ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки новобаста аз он ки мардум аз амалҳои қаллобӣ огоҳ ҳастанд, аммо бархе нафарон дидаю дониста ба доми қаллобон афтода, маблағҳои пасандози худро ба дасти онҳо медиҳанд, ки боиси расидани зарари моддию маънавӣ мегардад. Аз ин рӯ аз сокинони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми доду гирифт ва муомилоти пулӣ эҳтиёткор бошанд.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ифротшавии ҷомеа, ҳамзамон ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони ин мақомот ба ҳисоб меравад.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир намудани 73 ҷиноят ошкор карда шуд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 283 силоҳи оташфишон мусодира гардид.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






