НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе бо 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкории илмӣ дорад

Август 7, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордод ба имзо расонидааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин созишномаҳо барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон ва таҳқиқоти илмӣ — амалии муштарак гузаронида мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғанизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки омода намудани мутахассисон дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи Стандарти федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм амалӣ мегардад. Дар филиал мутахассисон аз рӯйи шаш равия омода гардида, барномаҳои таълимии он аз акредитатсияи давлатӣ гузаштаанд. Дар соли таҳсили 2024-2025 теъдоди донишҷӯён 424 нафарро ташкил дода, имсол 105 донишҷӯ донишгоҳро хатм намуд.

Дар филиал 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар давраи баргузории Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1504 довталаби таҳсил дар ин донишгоҳ ба қайд гирифта шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд