Омӯзгорону хонандагони шаҳри Роғун суханронии Президенти Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд

Август 30, 2025 11:41

РОҒУН, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Роғун омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони 28 муассисаи таълимӣ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тавассути телевизион тамошо намуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Мудири маорифи шаҳри Роғун Шарофиддин Назарзода иброз дошт, ки «субҳи имрӯз зиёда аз 4000 ҳазор нафар хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни Колеҷи муҳандисию техникии шаҳр тавассути оинаи нилгун суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд. Сарвари давлат оид ба рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф сухан гуфта, насли наврас ва ҷавонро маротибаи дигар ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар даъват намуданд. Хабари аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул донистани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидани онро шунида, бениҳоят шоду руҳбаланд шудем».

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Роғун Парвина Иброҳимова илова кард, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ унвон гирифтани 1 сентябр дар худ ҳикмати махсус дорад. Ҳикмати асосии он – маротибаи дигар рӯ овардани ҷомеа ба рушди соҳаи маориф, ки пешравии мамлакат аз он вобастагии калон дорад, мебошад. Тавре Президенти мамлакат таъкид намуданд, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд”.

Омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун ваъда доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас заррае ба саҳлангорӣ роҳ надода, бо камоли масъулият онҳоро дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад