ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 бинои асосию иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешавад
РӮДАКӢ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ имсол зиёда аз 6000 нафар хонандагони синфи якумро қабул менамоянд, ки қариб 3000 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ҳоло дар ноҳия қабули хонандагон ба синфи якум идома дорад. Ҳамчунин соли равон муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакиро 9588 нафар хонандагони синфи 11 хатм намуданд, ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, қисми зиёдашон ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва талошу заҳмати сокинони ноҳия, соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бунёдкорӣ барои бартараф намудани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо идома дорад.
Тибқи иттилои масъулин, то оғози соли нави хониш дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 бинои асосию иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин кӯдакистони №9 дар маркази шаҳраки Сомониён барои 250 нафар ва ду кӯдакистони дигар барои 150- нафарӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қиблаӣ ва Роҳатӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар баробари бунёди кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар назди 14 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 14 маркази инкишофи кӯдак аз ҳисоби шарикони рушд бо фарогирии 560 кӯдак ва нуҳ хонаи бозӣ дар 9 мактаб сохта шудаанд. Ин марказҳо дар оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шуруъ менамоянд.
Дар айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 10 кӯдакистон идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар минтақаҳои дурдасти ноҳия барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон сохтмони хонаҳои хизматӣ барои омӯзгорон идома дорад. Дар соли нави таҳсил дар Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 барои 4 оилаи омӯзгорон, дар деҳаи Мадади Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 4 оилаи омӯзгорон ва дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 барои 8 оилаи омӯзгорон хонаҳои хизматӣ ба истифода дода мешаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой низ бунёди хонаҳои хизматӣ барои омӯзгорон идома дорад.
Дар оғози соли нави таҳсили 2025-2026 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба 65 хонандаи ятими кулл либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






