ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар пурра таъмир гардид

Август 16, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи соли нави таҳсил бинои хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар пурра таъмир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, хобгоҳи муассиса дорои 31 ҳуҷра буда, дар он метавонанд беш аз 130 донишҷӯ зиндагӣ намоянд.

Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо таҷҳизоти маишии муосир муҷаҳҳаз гардида, барои донишҷӯён шароити мусоид ва замонавӣ муҳайё карда шудааст.

Дар амал татбиқ гардидани чунин иқдом ба беҳдошти зист ва таҳсили босифати донишҷӯён мусоидат менамояд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд