ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Хонандагони синфи якуми шаҳри Бӯстон ба ҷараёни таълим шинос карда мешаванд

Август 22, 2025 16:00

СУҒД, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар муассисаҳои таълимӣ барои мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои мутобиқ ва омода намудани хонандагон ба таҳсил бештар аз усулҳои аёнӣ истифода менамоянд.

Ҳадафи баргузории ин давра он аст, ки хонандагон муҳити мактабро дӯст доранд, тарси аввалини онҳо аз мактабу омӯзгор бартараф гардад ва дар замири онҳо руҳияи эҷодию омӯзишӣ ташаккул ёбад.

Омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон кӯшиш доранд, ки ин давраро барои хонандагони хурдсол хотирмон гузаронанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Август 22, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид