Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и НБО «Роғун» шинос шуданд

Август 26, 2025 18:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лулаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро дар бар мегирад, омода карда мешаванд. То ин вақт дар қисмати поёнии обрасони агрегати №4 бо дарозии 64 метр ва дар қисмати поёнии обрасони агрегати №3 бо дарозии 16,2 метр лулаҳои филизӣ насб карда шудаанд.

Имрӯз коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо дарки аҳаммияти ин иншооти энергетикии кишвар барои ояндаи дурахшон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолият намуда, бо неруи созанда ҳамарӯза ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд.

Ҳолати воқеии корҳои сохтмонӣ нишон медиҳад, ки бунёдгарони ин иншооти тақдирсози миллат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ заҳмат кашида, ҳадаф якдилона барои ҳарчи зуд ба анҷом расонидани сохтмон равона карда шудааст.

Нақбҳои обрасон, ки дар маҷмуъ 6 адад мебошанд, аз иншооти асосии таҳти фишори баланд қарордошта дар неругоҳ ба ҳисоб мераванд. Яъне тавассути ҳамин нақбҳо об то чархаҳои неругоҳ интиқол меёбад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаи энергетикаи кишвар ва коргарону мутахассисонро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ босифат ба иҷро расонидани сохтмон вазифадор намуданд.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби обрави агрегатҳои №1 ва 2-и обқабулкунаки доимӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун 26.08.2025

Август 26, 2025 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд