Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.
Сарбанди рӯди Оби Шӯр бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар рӯд, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.
Сохтмони ин сарбанд аз соли 2010 то соли 2015 идома ёфта, то сатҳи 1115 метр, ки баландии 60 метрро ташкил медиҳад, сохта шуда буд. Ҳаҷми бетони дар он давра хобонидашуда 253 ҳазору 720 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар сарбанди ҳимоявии рӯди Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мувофиқи лоиҳа дар соли 2025 сарбанд то сатҳи 1135 метр аз сатҳи баҳр, яъне ба баландии боз 20 метри дигар бунёд гардид. Ҳаҷми лоиҳавии бетони хобонидашуда ба ин баландӣ 31 ҳазору 181 метри мукаабро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ сохта шудааст.
Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ва регу лой ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидати фаъол менамояд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо анҷом доданд. Дар сурати муайян намудани минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин таъкид намуданд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳама мавзеъҳои неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро талаб мекунад.
«Роғун» на танҳо як иншооти бузурги энергетикӣ, балки рамзи иттиҳоду созандагии миллӣ аст. «Роғун» мактаби ҷавонмардонест, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати бузург ба Ватан кор мекунанд. Ҳар як мутахассис ва ҳар як бинокор медонад, ки заҳмати ӯ ҷузъи таърихи навини Тоҷикистон мешавад.
Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.









Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






