Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматии сокинони аз заминларза зарардидаро ба истифода доданд

Август 26, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулин, сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт аз тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардида дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, заминларзаи санаи 13 апрели соли 2025 ба сокинони деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак зарари зиёди моддӣ расонд. Ин офати табиӣ боиси пурра аз байн рафтани 34 манзили истиқоматӣ, қисман зарар дидани 116 хона ва 59 бинову иншооти ёрирасон гардид.

Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории фаврӣ таъсис ёфта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза, кӯчондани сокинон ба макони бехавф, таъмин кардани онҳо бо манзилҳои муваққатӣ, лавозимоти рӯзгор, маводи ғизоӣ ва бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.

Дар муҳлати кӯтоҳ таҳти сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани сокинони аз заминларза зарардида, дар яке аз мавзеъҳои муносиб ва зебои Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак маҳаллаи нави истиқоматии монанд ба шаҳрак бунёд гардид.

Маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 4,5 гектар бунёд гардида, аз чор кӯча ва 38 манзили истиқоматӣ иборат мебошад. Манзилҳо дар масоҳати 8 садяк замин бо тарҳи зебову муосир сохта шуда, аз чор ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборатанд ва бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.

Барои таъмин кардани маҳалла бо инфрасохтори зарурӣ, манзилҳо бо оби тозаи нӯшокӣ ва оби полезӣ барои истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хатти барқ, интернети баландсуръат, телефони хонагӣ ва зиёда аз 350 канали дохилию хориҷӣ таъмин буда, масофаи наздик ба ду километр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ мумфарш ва атрофи он сабзкорӣ шудаанд.

Ҳамзамон, дар маҳалла муассисаи таҳсилоти томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи машқу тамрин бунёд шудааст.

Сокинони аз офати табиӣ зарардида, ки имрӯз бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ гардиданд, муҳаббату самимияти хоси худро ба Сарвари давлат баён карданд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки сокини маҳаллаи навбунёд Раҳмон Қулонов фаъолияти 40 солаи омӯзгорӣ дошта, чор фарзанди худро низ соҳиби касби омӯзгорӣ кардааст ва онҳо имрӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои фаъолияти бисёрсолаи омӯзгорӣ ва дар ин ҷода тарбияву ба воя расонидани фарзандон ба Раҳмон Қулонов изҳори сипос намуданд.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Чунонки маълум шуд, ин байти шеърӣ мисли шиор дар дилу замири аҳли ин хонавода маскан гирифтааст.

Зимни тақдими манзилҳои нави истиқоматӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи меъмории биноҳо, сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардидаи зист баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки таъмини рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардидаи ноҳияи Рашт 26.08.2025

Август 26, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд