Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд

Август 26, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Вазифаи аслии обқабулкунаки доимӣ вобаста ба сатҳи об дар обанбор аз 3 зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон, мустаҳкам нигоҳ доштани қабати куҳпора ва пешгирии кӯчиши ҷинсҳои куҳӣ баъди бо об пур шудани обанбор мебошад. Об тавассути ҳамин иншооти соҳили чапи Неругоҳи барқи обии «Роғун» то ба чархаи агрегатҳо расонида мешавад.

Дар навбати аввал барои ба кор даровардани агрегатҳои №3 ва №4 нақбҳои обрасон аз баландии 1152 метр аз сатҳи баҳр об мегиранд. Ба нақбҳои обрасони агрегатҳои №1, 2, 5 ва 6 об аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр дохил мегардад.

Барои танзими оби воридшаванда дар мавзеи обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр болои ҳар нақб шахтаҳои амудии қутрашон 13,6 метр сохта шудааст. Дар ин иншоот нақбканӣ ва мустаҳкамсозӣ анҷом ёфта, сементхобонӣ бо мақсади устуворгардонӣ дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Дар ин баландӣ аз нақбҳои амудӣ тавассути дарвозаҳо раванди резиши об танзим карда мешавад.

Бо назардошти нақши муҳимми нақбҳои амудӣ дар идора намудани раванди фаъолияти неругоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисон супориш доданд.

Ҳоло дар чоҳҳои заҳкаш хокбарорӣ, бетонпошӣ, лангарбандӣ ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш дар ду баст идома дорад. Дар маҷмуъ дар ин қисмат хокбарорӣ 92 %, бетонпошӣ 49 %, пармагарию гузоштани анкерҳо 81 %, бетонхобонӣ 23 % ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш 18 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» мутахассисону коргарон ҳоло ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, бо дилгармӣ кӯшиш доранд, ки сохтмонро тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, дар вақти муаяншуда босифат ба анҷом расонанд.

Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чап ва рости сарбанди неругоҳ рафти бетонрезию лангарбандии деворҳоро мушоҳида намуданд, ки мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ идома дорад.

Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Шиносоӣ бо обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқии обии Роғун 26.08.2025

Август 26, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд