Рақамикунонии соҳаи замин дар Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Осиё баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рақамикунонӣ, тайёр намудани мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ дар самти замин 26 август зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Пирзода ва ҳайати Бонки рушди Осиё таҳти роҳбарии Паоло Манунта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Диловар Пирзода ба Бонки рушди Осиё барои ҳамкории судманду дастгирии доимӣ, ки дар соҳаи идоракунии замин, геодезия ва раванди рақамикунонӣ мерасонад, изҳори сипос намуд.
Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ба таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар ин соҳа мусоидат намуда, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ инчунин мақоми масъули рушди инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ мебошад. Рушди инфрасохтори маълумоти маконӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати умумии давлат дар самти рақамикунонӣ, рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад.
Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст






