Рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи нақлиёт зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти автомобилии Туркманистон Бегенч Аннадурдиев дар шаҳри Туркменбошӣ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбарони мақомоти давлатии нақлиётии Тоҷикистону Туркманистон дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалиро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ҳафт моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор байни ду давлат 26 ҳазору 465 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8 ҳазору 783 тонна зиёд аст. Дар ин давра байни Тоҷикистон ва Туркманистон барои ҳамлу нақли байналмилалӣ 8000 ҳазор рухсатнома мубодила карда шуд.
Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нақлиёт дар асоси якчанд созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ, инчунин дар доираи узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЭСКАТО СММ, IRU ва ЭКО амалӣ карда мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






