Рушди низоми бонкии Тоҷикистон бо таҳлилгарони ширкати байналмилалии рейтинги «Moody’s Investor Service» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди низоми бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо таҳлилгарони ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service», ки 19 август ба таври маҷозӣ баргузор гардид, баррасӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар мулоқот мусоҳибон вазъи макроиқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи баҳодиҳии рейтинги навбатиро низ муҳокима намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба тамоюлҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ, устувории низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, динамикаи нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, оморӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва самтҳои калидии ҳамкории минбаъда табодули андеша намуданд.
Зимнан, бо ишора ба афзоиши эътимоди сармоягузорон ба дурнамои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бознигарии рейтинг ва дурнамои мусбати бархе аз кишварҳои минтақа таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайгирона барои таҳкими эътимоди сармоягузорон заминаи устувор мегузорад. Ҳамзамон барои таъмини суботи молиявӣ ва амалии ислоҳоти сохторӣ, ки бобати бознигарии рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории дарозмуддату созанда ва таҳлилҳои фарогир ба ширкати рейтингии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон изҳори умед карда шуд, ки ширкати «Moody’s Investors Service» дар баррасии навбатии рейтинги қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳоро ба назар мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» барои баҳогузории рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






