«S&P Global Ratings рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро бо дурнамои «устувор» тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии рейтингии «S&P Global Ratings» рейтинги дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи «B/B» бо дурнамои «устувор» тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба дурнамои устувор омилҳое, чун муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд давлати мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи берунӣ ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, дохил мешаванд.
Инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ солҳои охир ба интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуд.
Тасдиқи рейтинг далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар мамлакат буда, ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ, аз ҷумла Агентии рейтингии «S&P Global Ratings» дар самти таъйини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии мамлакат ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4958 то 9.5400 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад






