Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд

Февраль 27, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки ин масъала дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммод баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноатро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маводи озуқаворӣ ва мошинсозӣ равона гардид.

Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, мубодилаи таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосир метавонанд барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ташаббусҳои нави саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории амалӣ ва идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид