Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври маҷозӣ баргузор гардид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти шуро дар соли 2025, ки раёсати онро Тоҷикистон ба уҳда дошт, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин лоиҳаи нақшаи кори асосии шуро барои соли 2026 муҳокима гардида, барои татбиқи чорабиниҳо, рушди ҳамкории байнипалатагӣ ва тақвияти мутақобили ҷомеаҳои тиҷоратии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таклифҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дастгирии соҳибкории хурду миёна, татбиқи ташаббусҳои муштарак барои тақвияти тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳадафҳои асосии шуро рушди ҳамкорӣ байни палатаҳо, баланд бардоштани нақши палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пешбурди рушди муштараки инноватсионӣ, фаъолгардонии фаъолияти намоишгоҳҳо, ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ, густариши ҳамкории байниминтақавӣ ва фаромарзӣ, рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин омода намудани кадрҳои соҳаи тиҷорат мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 раёсати шуро ба зиммаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус вогузор гардид.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






