Сатҳи забондонии кормандони милитсияи Хатлон санҷида мешавад
ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22-23 август ҳайати шахсии шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ҳузури комиссияи санҷиши сатҳи забондонӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ имтиҳон супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар доданд.
Ҳайати комиссия барои муайян кардани забондонии кормандон тавассути саволномаи тестӣ ва муоширати мустақим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷиш гузаронид.
Кормандон донишҳои назариявӣ ва маҳорати забондонии худро нишон доданд. Дар ин замина минбаъд низ санҷиши омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома ёфта, марҳилаи навбатии машғулияти забономӯзӣ оғоз меёбад.
Фаъолияти Комиссияи санҷиши сатҳи забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон идома дошта, бо тартиби муайяншуда сатҳи забондонии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон пурра санҷида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудаанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






