Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони Истиқлоли давлатӣ худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳёи анъанаву ойинҳои пешин, арҷ гузоштан ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард.
Дар ин росто, ҳадаф аз иқдоми наҷибонаи ба ҳар як хонадони мардуми кишвар тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 аз он иборат аст, ки мардуми фарҳангпарвари мо аз гузаштаи дурахшони миллати худ огоҳии боз ҳам бештар ёфта, ба қадри давлатсозию давлатдории дирӯзаву имрӯзаи сарзамин ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ дар замони муосир бирасанд ва барои ояндаи неки сарзамини худ ҷаҳду талош намоянд.
Мазмун ва муҳтавои ин шоҳкории адабиёт хонандаро ба заҳматҳо, омӯзишу таҳлилҳо, ковишҳои таърихию фарҳангӣ, истифодаи вожаҳои ноб, тасвирҳои гуногуни табиат, муборизаҳои паҳлавонону шоҳон барои ҳифзи марзу бум, ифтихори ватандорӣ, шаҳомати бузурги ориёӣ ва монанди инҳо барин арзишҳои муҳимми эҷодӣ ошно месозад.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар асоси арзишҳои миллию фарҳангие, ки дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулу бунёд ёфтаанд ва Фирдавсии бузург онҳоро омили мондагории ҳар як миллату сарзамин донистааст, ҷавонону наврасон ва кӯдакону хонандагонро ба таълиму тарбияи нек фаро бигирем, то ки имрӯз онҳо ба илму дониш, ҳифзи сарзамини кишвар, паҳлавонию далерӣ, инсондӯстӣ ва ҳунармандию касбомӯзӣ рӯ оварда, худро аз бегонашавӣ ва омезиш бо дигар фарҳангу ойинҳо ҳифз намоянд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35 — солагии ҷашни муқаддаси миллиамон – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмуни зикршуда, дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ, ба истиснои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таҳқиқот анҷом додаанд ё рисолаҳои илмӣ навишта ҳимоя кардаанд, доир мегардад.
Озмун аз чор давр иборат буда, даври якум – моҳи марти соли 2026 ва даври чорум, яъне даври ниҳоӣ нимаи якуми моҳи декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор ва ҷамъбаст мегардад.
Сарпарасти озмун бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар як вақт, мутобиқи амри мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.








Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд






