Соҳибкорони бурунмарзӣ барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025» даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши робита бо доираҳои сармоягузории хориҷӣ мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо гурӯҳи соҳибкорони фаъоли бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Султон Раҳимзода таваҷҷуҳи соҳибкорони бурунмарзиро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», ки 14–16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҷалб ва ҳамзамон онҳоро ба иштироки фаъолона дар ин форум даъват намуд.
Бо назардошти воқеияти муосири геоиқтисодӣ ва афзоиши рақобати байналмилалӣ дар ҷалби сармояи хориҷӣ нақши соҳибкорони бурунмарзӣ дар муаррифии имконоти сармоягузории мамлакат, ҷалби сармояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо шарикони хориҷӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Соҳибкорони бурунмарзӣ оид ба вазъи бозори сармоягузорӣ дар кишварҳои иқомат, тамоюли ҷалби сармояи хориҷӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ҳамчун атташеи сармоягузории он дар кишварҳои иқомат изҳори омодагӣ карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот Султон Раҳимзода саҳми соҳибкорони бурунмарзиро дар таблиғи имконоти сармоягузории мамлакат арзишманд дониста, зарурати ба роҳ мондани тамоси мунтазам ва ҳамкории фаъолро таъкид намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






