Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Форси Эрон дар бахши ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарияти вилоят ва мудири кулли варзиш ва ҷавонони шаҳри Шероз мулоқоти судманд анҷом доданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкории фарҳангӣ ва маънавиро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар самтҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин маконҳои маъруфи таърихиву фарҳангии шаҳри Шероз, аз ҷумла осорхонаву оромгоҳи Шоҳи Чароғ, оромгоҳи орифони бузург ва шоирони тавонои классики тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ва оромгоҳи Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизро тамошо ва зиёрат намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо зиндагӣ ва мероси маънавии шоирону орифони бузург шинос гардид. Таъкид шуд, ки осори гаронбаҳои Саъдӣ ва Ҳофиз то имрӯз ҳамчун сарчашмаи маърифат, ахлоқ ва дӯстиву ҳамбастагии фарҳангии халқҳои тоҷику форс боқӣ мондаанд.
Шиносоии ҳайати Тоҷикистон бо вилояти Форс рамзи эҳтиром ба таърих ва фарҳанги муштарак, ҳамчунин қадами устувор дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






