Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо намояндаи Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши фаъолият дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда 27 август зимни мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндаи Бонки Осиёии рушд хонум Шин Лонг баррасӣ гардид.
Фарҳод Раҳимӣ аз ҳамкории пурсамари дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба фаъолияти кумита маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар кумита Системаи иттилоотии идоракунии таҳсилот ба фаъолият шуруъ намуда, тамоми муассисаҳо ба он пайваст мебошанд. Он тадриҷан бо маводи рақамии таълимӣ, аз қабили китобҳои электронӣ, дастурҳои таълимию корӣ, дарсҳои видеоӣ, аудиокитобҳо ва тестҳои онлайнӣ пур карда мешавад, то аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омӯзгорону хонандагон, донишҷӯёни литсейҳо ва коллеҷҳои мамлакат аз онҳо ба осонӣ истифода баранд.
Шин Лонг аз омодагии роҳбарияти Бонки Осиёии рушд барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо кумита изҳори умедворӣ намуда, гуфт, ки талош менамоянд дар рушди соҳа саҳм гузоранд.
Ҳамсуҳбатон инчунин ба масъалаи аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, тақвият додани ҳамкории муассисаҳо бо корфармоёни ватанӣ таваҷҷуҳи бештар дода, ба масъалаи иқтисоди «сабз» (панелҳои офтобӣ, таъмири автомобилҳои барқӣ ва истеҳсоли энергияи «сабз») табодули андеша намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






